Масти мо имрӯзи нақши тозае бар об зад
Шиша майро ба тоқи абрӯӣ миҳроб зад
Чун бар орми сари миёни хоку хӯни ғалтидагон ?
Боли ман силӣ ба рӯй ханҷар қассоб зад
Субҳ бедорӣ надорад дар паии ин хоби гарон
Варна тӯфони борҳо бар рӯй бахтам об зад
Чун садаф дар домани худ гавҳар мақсӯд ёфт
Ҳар ки гирди хеши даврӣ чанд чун гирдоб зад
Хизру сайри зулмату оби ҳаёт афсона аст
Тоза шуд ҳар каси шароби куҳна дар маҳтоб зад
Нест роҳи хор дар пероҳани урёни танӣ
Шуълаи офати сар аз хокистар санҷоб зад
Шуълаи хуии ту даст оварад беруни зи остин
Силии битоқтӣ бар чеҳра симоб зад
Соиб аз баси содаи лавҳӣ бар хаёли оризаш
Бӯсаҳо аз даври имшаб бар рух маҳтоб зад