Ҳар ки пушти пой чун шабнам ба об ва ранг зад
Дар ҳарими меҳри тобони такя бар авранг зад
Чун май ангур , софи бихўдӣ ғаммоз нест
наме тавон майхонаҳо зини бода бирнг зад
Дарди пинҳонро забони арзи матлаб кӯтаҳ аст
Буи май аз шишаи натавонади бурун чун ранг зад
Холи Лайлии ҷома дар нил мусӣбат ме занад
То кадомин сангдил ёрб ба маҷнӯн санг зад
Нест умеди барӯмандии зи холи нўхтон
Ҳосилаш афсӯс бошад донаро чун занг зад
Шер дар дасти ҳуҷуми мӯр оҷиз ме шавад
Чун тавонад панҷаи мижгон бо хат шбрнг зад ?
Номаи сарбаста аз тороҷи мазмун эмин аст
Дар ҳарим байза мебоист бар оҳанг зад
Аз шабихуни ҳаводиси лашкараш дар ҳам шикаст
Ҳар ки соиб дар мақоми сулҳи табл ҷанг зад