Бас ки дар зулфи ту дилҳои асирон об шуд
Ҳалқаҳои зулф яксар ҳалқа гирдоб шуд
Рӯй ӯ дар даври хат дилхуш кун аҳбоб шуд
Роҳи худро пок созад хӯн чу машк ноб шуд
Ман чаҳ хошокам , ки дар баҳри фалаки моҳи тамом
зи иштиёқи моҳии симин ӯ қуллоб шуд
Бар латифони суҳбати гавҳар гаронӣ ме кунад
Гӯши гулро шабнами равшани гуҳар симоб шуд
Аз бузургон рӯй дил бо хоксорони хўшнмост
Баҳр бо он манзалати равшангар сайлоб шуд
Субҳ перӣ кард хоби ғифлати моро гарон
Бодбон бар киштии мо пардаҳои хоб шуд
Аз таваккул ҳар ки пушти хеш бар девор дод
Бе сухани хоки муроди халқ чун миҳроб шуд
Дар ҳамин ҷо сар баровард аз гиребони биҳишт
Ҳар киро захмӣ аз он шамшери фатҳ албоб шуд
Шона аз мавҷи таровати киштӣ дарёӣ аст
Бас ки дар зулфи ту дилҳои асирон об шуд
Ҳеҷ касро дил ба ман аз дӯстон соиб насӯхт
Гарчи умрами сарф дар дилсӯзӣ аҳбоб шуд