Аз маломати оқибати маҷнӯни биёбон гир шуд
Аз забони халқи пинҳон дар даҳон шер шуд
намефазояд ҳоиҳўӣ мепрессатонро сурӯд
Шӯриши маҷнӯни зиёд аз нола занҷир шуд
Дар тамошогоҳи олами дидаи ҳайрони мо
Волаи як нақш чун ойӣна тасвир шуд
Шабнам аз домони гулҳо хӯни булбулро нишаст
Кӣ ба шустан меравад хӯнӣ ки домангир шуд ?
Дили збии ашкӣ ба мижгон май расонади хеш ро
Май макади ангушти худро Тифл чун бешер шуд
Обҳои мурда мегардад насиби ҷӯйбор
Дар гулӯ гардад гиреҳи ашкӣ ки бетаъсир шуд
Ҳалқа мотам шуд аз ҳиҷрон ӯ оғӯши ман
Дида ҳасрат шавад домӣ ки бенахҷӣр шуд
Гуфтам аз хомӯшии ман хӯн раҳм ояд ба ҷӯш
Узри ман аз бе забонии оқибат тақсир шуд
Зуд дар равшандилони суҳбат сироят ме кунад
Об бо он лутф , хўнриз аз дам шамшер шуд
Шуд зи озодии забони ноқисон бар ман дароз
Ид Тифлонаст чун девона безанҷир шуд
Нест аз нури ҳақиқати ҳеҷ чашмӣ бе насиб
Аз ки рӯ пинҳон кунад ҳасанӣ ки оламгир шуд
Ташнаи дидорро сероб кардан мушкил аст
Соиб аз назора хубон нахоҳад сайр шуд