Ёри соқии гашту мутриби ҳам наво пардоз шуд

Чархи гӯи носозшў чун суҳбати мо соз шуд

Аз тамошои рахти ашками сабк парвоз шуд

Офат чашмаст чун ойӣнаи хуш пардоз шуд

Дида ҳар кас ба Кебеки хўшхром ӯ фитод

Синааш аз захми нохуни сина шаҳбоз шуд

Бар наёяд пардаи шарму ҳаё бо ҳасани шӯх

Нағмаи расвои ҷаҳон аз пардаҳои соз шуд

То бурун кардам зи хотири хори хори ошён

Аз қафас бар рӯй ман дарҳои раҳмат боз шуд

Аз шикастан соз мегардад халос аз гӯшмол

Эмин аз гардун шудам то бахти ман носоз шуд

Нест устоди он ки гоҳе тираш ояд бар ҳадаф

Он камондораст пеши мо ки ҷамъ андоз шуд

Ноқисонро дар тараққии худнамое лозим аст

Машк чун гардид хӯн май боядаш ғаммоз шуд

Ҳар ки чун шабнами дарин гулзори худро ҷамъ кард

Бетакаллуф метавонад осмон парвоз шуд

Ҳамчуи мағзи пистаи тӯтӣ дар шукри пинҳон шуда аст

Калаки шукри бори соиб то сухан пардоз шуд