Аз хати шбрнги ҳасани саркаш ӯ ром шуд

Он дил чун санги охири байза ислом шуд

Соил мубрам кунад ширини лабонро талхи гӯй

Аз дуои ман лаби лаъли ту хуш дашном шуд

Ҷамъ кун хотири зи тасхирам ки бар пайкари маро

Доғҳо аз танги дарзии ҳалқаҳои дом шуд

Дилхарошигар маро машҳур созад давр нест

Пораи сангӣ аз хароши синаи соҳиб ном шуд

Ҳасан чун бепарда гардад пухта созад ишқ ро

Шамъ дар фонӯс шуд , парвонаи мо хом шуд

Толеъ аз Лайлӣ надорам , варна дар дашти ҷунун

Ҳар куҷои ваҳшии Ғаззолӣ буд бо ман ром шуд

Софи навашон аз ғами айёми талхӣ май кашанд

Фориғаст аз гирди кулуфт ҳар ки дард ошом шуд

Талхкомии қисмати ширини забонон кам шавад

Аз забони чарб , шукри рӯзӣ бодом шуд

Нест ин афтодагии имрӯз дар толеъи маро

Домани модар ба Тифли ман канор бом шуд

Кӯҳ агар гардад , ба домани пой натавонад кашид

Бар умеди ваъда ӯ ҳар ки беором шуд

Бар ҳаёти пуч гӯйон нест соиби эътимод

намедиҳад бар боди сари мурғӣ ки беҳангом шуд