Рӯй Юсуф то кабӯд аз силӣ ихвон нашуд
Ҳамчу рӯй нил бар Мисраши равон фармон нашуд
Бар сарири Комронии такя чун Юсуф назд
Ҳар ки чанде мӯътакиф дар гӯша зиндон нашуд
Сдзбон аз хӯша дар шукр барӯмандӣ нагашт
Дона то як чанд дар зерзамин пинҳон нашуд
Дар сухан кӣ метавонад шуд саромад чун қалам ?
Ҳар ки дар ҳар нуқта чун паргор саргардон нашуд
Гарчи шуд бозичаи мавҷи хатар ҳар пора аш
Киштии тӯфонии мо сайр аз тӯфон нашуд
То ба буи гул нашуд қонеъи дарин бстонсро
Бо ҳақирӣ дар назари занбӯри соҳиб шан нашуд
Дар мазоқаши хоки саҳрои қаноати талх буд
Бар сар хон сулаймони мӯр то меҳмон нашуд
Некӯонро хираи чашмии парда бегонагӣ аст
Муҳаррам хубон нашуд ойӣна то ҳайрон нашуд
Кӣ надонам нарм хоҳад гашти он абрўкмон
Ин камони сахт дар даврони хат оён нашуд
Нест дар толеъи гушоиши уқдаи бахти маро
Варна кӯтоҳии зсъии нохун ва дандон нашуд
Барграфт аз лаби маро меҳр хамӯшӣ оҳи гарм
Абри соиби монеъи барқи сабк ҷавлон нашуд