Мол рафт аз дасту чашми хоҷа дар дунбол монад
Аз ду сад хирман , тиҳии чашмӣ ба ин ғарбол монад
Аз ҳарисон нест чизе дар ҷаҳони ҷузи оҳи сард
Ёдгор аз анкабутони ришта омол монад
Риштаи тӯл амл кардааст мардумро маҳор
Хизр шуд , зини корвон ҳар кас ки дар дунбол монад
Аз ҷавонӣ нест ғайр аз доғи ҳасрат дар дилам
Нақши пое чанд аз он тоўси заррин бол монад
Гавҳари дандони зпирии рехт чун шабнам ба хок
Уқдаҳо дар риштаи умр аз шумор сол монад
Об шуд дили зи интизору чеҳра матлаб надид
Дар дили ойӣнаи мо ҳасрат тимсол монад
Байзаи дилро бурун оварад ишқ аз дасти ҷон
Ин ҳуморо мушти хошокӣ ба зер бол монад
Нест ғайр аз гирди кулуфти ҳосили малики ҷаҳон
Сарф дар тасхир дил кун ончӣ аз иқбол монад
Ҳирсро аз резиши дандони ғам рӯзӣ фузуд
Занги азин нақди равон дар кӣса омол монад
Шавқи Лайлии баради моро соиб аз олами бурун
Ҳасрати девонаи мо дар дил атфол монад