Аҳли ҳиммати баҳрро аз хору хаси пул баста анд
Гӯшаи домон ба домони таваккул баста анд
Дар гулистонӣ ки ғайрат боғбонӣ ме кунад
Рӯй гул во кардаанду чашми булбул баста анд
Аз ғубори лашкари хати холи рӯ гардон шавад
Хуши дилии ин ғофилон бар зулфу кокул баста анд
Файзи икрнгии тмошокн ки гулчинони боғ
Борҳо аз боли булбули дастаи гул баста анд
Бар сафар кардан дарин зӯдии далел равшан аст
Ин ки аз шабнами ҷарас бар маҳмили гул баста анд
Бар наомад шӯри соиб аз шкрзори сухан
То забони тӯтии хуши ҳарфи омул баста анд