Содаи лавҳоне ки дарди худ ба дармон дода анд
Доман Юсуф задаст аз макр ихвон дода анд
Муҳаррамони каъбаи мақсӯд , аз тори нафас
Ҷомаи эҳроми худ чун субҳ сомон дода анд
Як гул бехор гардӣдааст дар чашмами ҷаҳон
То маро чун шабнами гули чашм ҳайрон дода анд
Нест ғофили ошиқ аз поси адаб дар бихўдӣ
Андалеби мастро сар дар гулистон дода анд
Нола занҷир дорад ҳалқаи чашми ғизол
То ман девонаро сар дар биёбон дода анд
Аҳли дунёи ҳалқаи берун дар гардӣда анд
Ҳамчуи занбӯри асал то хона сомон дода анд
Орифонро шиквае аз гардиш афлок нест
Ихтиёри киштии худро ба тӯфон дода анд
Зери бори миннати гардуни ду то гардӣда ам
Ҳамчуи моҳи нави маро то як лаб нон дода анд
Гуфтугӯии мост беҳосил , вагарнаи мӯр ро
Музди гуфтор аз шикарханд сулаймон дода анд
Аз дили пурхӯну оҳи оташину ашки гарм
Ончӣ май бояд марои соиб ба сомон дода анд