Ҳасанро пӯшида дар хат чун анбар карда анд

Чашмаи ойӣнаро хаси пӯш ҷавҳар карда анд

Хоксорони муҳаббатро ба чашм кам мубин

Ганҷҳоро подшоҳони хок бар сар карда анд

Раҳнавардоне ки аз худ роҳи берун барда анд

Хешро фориғи азин вазъ мукаррар карда анд

Рафтаам аз дасти берун то дарин дарёии талх

Устихонамро ба ширинӣ чу гавҳар карда анд

Ҷой ҳайрат нест ҷисми мо агар ҷон шуд зи ишқ

Аҳли ҳиммати мумро бисёр анбар карда анд

Талхи комоне ки дандон бар ҷигар афшурда анд

Соғари тбхолаҳро пари об кавсар карда анд

Дар чунин дарёӣ безинҳор , мардум чун ҳубоб

Бодбони киштии худ доман тар карда анд

Орзӯии хоми мардумро ба дӯзах май барад

Авдҳои хомро дар кор миҷмар карда анд

Аз вуҷӯди мо чунин тирааст дарёии ҳаёт

Моҳёни ин оби равшанро мукаддар карда анд

Сахти ҷонон бар ҳарири офият осӯда анд

Чун шарари равшандилон аз санг бистар карда анд

Нақди худро аз касолати нася май созанди халқ

Хўдҳсобон ҳар нафасро субҳ маҳшар карда анд

Шуълаи рӯйон чун намегиранд дар як ҷои қарор

Синаи моро чаро ҳамчашм миҷмар кардаанд ?

Чанд дар зери фалак саргашта бошам , сӯхтам

Вақти ҷамъии хуш ки дар гирдоб лангар карда анд

Заррае аз хори хори ишқи фориғ бол нест

Не ба нохуни мӯрро аз ишқ шукр карда анд

Аз суханҳои ту соиби сафҳаҳои содаи дил

Домани худ чун садафи лабрез гавҳар карда анд