Гӯшаи гироне ки рӯ дар хилват дил карда анд
Риштаи ҷонро халос аз муҳра гул карда анд
Аҳли дунё дар назарбозӣ ба асбоби ҷаҳон
Ҳалқае ҳар лаҳзаи афзӯн бар слосл карда анд
КороФзоён ки дунболи такаллуф рафта анд
Зиндагӣу маргро бар хеш мушкил карда анд
Бар рух бе пардаи мақсӯд , кӯтаҳи дидагон
Пардаҳо афзӯни зи домон васоил карда анд
Мад эҳсон мешуморанд ин гуруҳи танги чашм
Чини абрӯе агар дар кор соил карда анд
Аз варақи гирдонеи афлок фориғ гашта анд
Хурдаи байноне ки сайри нуқта дил карда анд
Дурбиноне ки набзи раҳ ба даст оварда анд
Хорро аз пои худ берун ба манзил карда анд
Гӯшаи гироне ки дилро аз ҳавас назадуда анд
Хилвати худро зи фикри пуч , маҳфил карда анд
Аз паии рӯпӯш , восил гаштагон ҳамчун ҷарас
Нолаҳои хӯни чикон дар пой маҳмил карда анд
Лангари таслим аз дасти ту берун рафта аст
Варна аз мавҷи хатар бисёр соҳил карда анд
Куштагони ишқ агар дастӣ бурун оварда анд
Хунбҳоии хеш дар домон қотил карда анд
Дар баҳор бе хазони ҳашар , бо сад шоху барг
Сабз хоҳад гашт ҳар тухмӣ ки дар гул карда анд
Чашм мепӯшанд соиб аз тамошои биҳишт
Раҳнавардоне ки сайри олам дил карда анд