Аз лабаши онҳо ки худро дар шароб афканда анд
Хешро аз оби ҳайвон дар сароб афканда анд
То гули рухсори шабнами хез ӯро дида анд
Андалебони меҳри гулро бар гулоб афканда анд
Сар ба маъшӯқ ҳақиқӣ мекашад ишқи муҷоз
Зини сарпули ташнагони худро дар об афканда анд
Хоксороне ки роҳи ишқро тай карда анд
Осмонҳоро мукаррар дар рикоб афканда анд
Қатраҳоӣ каз саранҷом Фсрдн огаҳанд
Аз садафи худро дар оғӯши саҳоб афканда анд
Ҷузи раҳи борӣки дил дар домани дашти вуҷӯд
То назар ҷавлон кунад доми сароб афканда анд
Ҳӯшёрон май рманд аз чашми шери ҳодисот
Микшони садра бар ин оташи кабоб афканда анд
Содаи лавҳоне ки дил бар қасри давлат баста анд
Дасти худ чун мавҷ бар дӯши ҳубоб афканда анд
Чун нахезад шӯри маҳшари соиб аз гуфторашон ?
Аҳли маънӣ кам намак дар чашми хоб афкандаанд ?