Тани парастоне ки дар тазйиъи об ва дона анд

Дар риёзи офариниши сабза бегона анд

Дар мазоқи орифони хӯн ва май гулгун яке аст

Бас ки маҳви лиззати дидор соҳибхона анд

Аҳли ҳиммати рахна дар сад Сикандар ме кунанд

Ин сбкдстони калиди фатҳро дандона анд

Нест чандон раҳ ба малики бихўдӣ аз орифон

То бурун аз хеш меоянд дар майхона анд

Аҳли ваҳдатро назар бар ихтилоф ҷома нест

Дар гулистони булбул ва дар анҷуман парвона анд

Дайр мегирданд рому зуд ваҳшӣ ме шаванд

Ошнорўёни олами маънӣ бегона анд

Ҳеҷ кас дар корвони зиндагӣ бедор нест

Мондагон дар хоби ғифлат , рафтагон афсона анд

Бар намедорад широкати малики танги биғмӣ

Зини сабаби атфоли доими душман девона анд

Сад биёбон дар миён доранд зӯҳҳод аз нифоқ

Гарчи дар паҳлавии ҳам чун сбҳаҳ сададона анд

Дидаи бади соиб аз нозуки хаёлони дўрбод !

Каз дили сдчоки худ зулфи суханро шона анд