Хонаи ороёни зи таъмири дарун ғофил шуданд
Аслашон чун буд аз гул , харҷи об ва гул шуданд
Хушки мағзоне ки нашикастанд худро чун ҳубоб
Чун кафи дарёу боли доман соҳил шуданд
Нағма пардозӣ кунанд аз силии боди хазон
Чун санавбари сарфарозоне ки соҳибдил шуданд
Ҷой ҳайрат нест аҳли ақл агар маҷнӯн шаванд
Ҳайрат аз девонагон дорам ки чун оқил шуданд
Сабз шуд дар дасти мардуми донаи тасбеҳҳо
Бас ки дар даврони мо аз зикри ҳақ ғофил шуданд
Нест соиби давлатии болотар аз халқи накӯ
Аз чунин давлат чаро аҳли ҷаҳон ғофил шуданд ?