Дар дили шаб ҳар ки ҷомӣ аз меаҳмар занад

Субҳдам бо офтоб аз як гиребони срзнд

Вақт рафтани зрдрўиӣ май барад бо худ ба хок

Ҳар ки чун хуршеди тобони ҳалқа бар ҳар дар занад

Боядаш аввал ба гардани хӯн сдблбл гирифт

Кӯтаҳи андешӣ ки дар гулзори гул бар сар занад

Доғи маҳрӯмӣ бар оради дӯд аз хирмани маро

Шамъ чун парвонаро оташ ба бол ва пар занад

Ноумедиро ба худ хонд ба овози баланд

Ҷуз дар дили ҳалқа ҳар кас бар дар дигар занад

Оби ҳайвони шаҳаншоҳон буд иҷрои ҳукм

Қатраи беҳуда дар зулмот Искандар занад

Хушк чун мавҷи сароб аз шӯра зор ояд бурун

Ғӯтагар лаби ташнаи дидор дар кавсар занад

Тай шуд айёми ҷавонӣ аз биногваши сифед

Шаб шавад кӯтоҳ чун субҳ аз ду ҷониби срзнд

Саг ба як дар қонеъ аз дарҳо шуду нафаси хасис

Ҳалқаи дами ло ба ҳар дам бар дар дигар занад

Соиб аз теғи забон ҳар ҷо шавад гўҳрФшон

Меҳри хомӯшӣ ба лаби шамшер аз ҷавҳар занад