Чун зи тоб май рахт бар лола паҳлу ме занад
Ғунча дар пеши гул рӯй ту зону ме занад
Чун шавад аз оризаши оби таровати мавҷи зан
Аз хиҷолати дасти худ ойӣна бар рӯ ме занад
Аз шабихуни хазони сангаш ба мино ме хӯрд
Боғ каз бодоми хоб чорпҳлў ме занад
Дар хилофи ваъдаи абрӯят саромад гашта аст
Дар каҷиҳо ин тарозуи ростӣ мӯ ме занад
Кист то ҳамчашми ёри шӯхи чашм мо шавад ?
Ҳар нигоҳаш бар сафи сад дашт оҳӯ ме занад
Поки тинат аз ҳадиси сард аз ҷо кӣ равад ?
Оби гавҳар аз сабо кӣ чин бар абрӯ мезанад ?
Соиб аз баси синаро аз меҳр сайқал дода ем
Пеши мо софии дилони ойӣна зону ме занад