Зулфи мишкӣнати даҳони шонаи пар анбар кунад
Серумаи хомӯшро чашмати забон овар кунад
Он ки мегуяд қиёмат бар наме хезад , куҷост ?
То дар он мижгони тамошои саф маҳшар кунад
Иштиёқи сафҳаи рухсори шабнами зеб ӯ
Домани гулро ба шабнами оташин бистар кунад
Аз адолат нест афкандан дар оташи рӯзи ҳашар
Авди хомиро ки хӯн дар дида миҷмар кунад
Синаи худ олимӣ чун субҳ сайқал дода анд
Офтоби маърифат то аз куҷои сар бар кунад
Ранҷ борӣкаст ҷонро қисмат аз тани парварон
Чарбии паҳлавии гавҳари риштаро лоғар кунад
Ҷон ба кӯшиш барнаме ояд зи зиндони ҷаҳот
Рахна ҳайҳотаст зӯри нақш дар шшдр кунад
Бас ки бастааст осмони сифлаи киштиро ба хушк
Дидани хуршед мумкин нест чашмӣ тар кунад
Оташи ғайрат саросар меравад дар ҷони Хизр
То мабод аз чашмаи ҳайвон касе лаб тар кунад
Чун нагардад қолаб бе ҷони дили тани парварон ?
Коса чун афтод фарбеҳи кӣсаро лоғар кунад
Аз нигоҳи талхи соиби заҳр май резам бар ӯ
Дояи бидрд дар шерам агар шукр кунад