Рахнаи сайли ашки ман дар сад Искандар кунад

Хӯни гармами реша дар фӯлод чун ҷавҳар кунад

Меҳри хомӯшӣ чаҳ созад бо дили битоби ман ?

Санги хороро шарори шӯхи ман миҷмар кунад

Аз ҳадиси талх носеҳ шуд гаронтар хоби ман

Бодбонро киштии пурбори ман лангар кунад

Ҳосили тани парварии ғайр аз гудоз рӯҳ нест

Чарбии паҳлавии гавҳари риштаро лоғар кунад

Мубталои шаш ҷиҳатро чораи ҷуз таслим нест

Рахнаи зӯри нақш ҳайҳотаст дар шшдр кунад

Сина чун беорзӯ шуд равза ҷинат шавад

Дил чу гардад об , кори чашма кавсар кунад

Ноқисонро халқ хуш созад зи арбоби камол

Дар назарҳо айби хомиро ҳунар анбар кунад

Орзӯии об ҳайвонаш шавад сӯрат пазир

Рӯй дар ойӣнаи зонугар Искандар кунад

Ҳирси соиб талх дорад зиндагониро ба мӯр

Варна эксири қаноати хокро шукр кунад