Суҳбати равшани замирони ҷисмҳоро ҷон кунад
Кӯҳро барқи таҷаллии оташин ҷавлон кунад
Ҳайрати равшандилонро Нақшбанд дигараст
Нақш ҳайҳотаст ин ойӣнаро ҳайрон кунад
Файзи мардон дар замони бихўдии аФзўнтрст
Теғ чун гардид урёни бештар тӯфон кунад
намешавад хори маломати шҳпри парвоз ӯ
Гирдбодиро ки шӯри ишқи сар гардон кунад
Ишқи сайл гавҳар розаст дар ҳар ҷо ки ҳаст
Шамъ натавонист ашки хешро пинҳон кунад
Чун занад ҷӯши зибардастии муҳӣти ашки ман
Панҷаи хуршедро сарпанҷа марҷон кунад
Домани шодӣ чу ғам осон намеояд ба даст
Пистаро дил мешавад хӯни толбӣ хандон кунад
Барнатобад қаҳрамони ишқи истиғнои ҳасан
Моҳи канъонро ба ҷурми ноз дар зиндон кунад
Боди дастонро ба эҳсон дастгирӣ кун ки баҳр
Дар сахои абр бо рӯй замин эҳсон кунад
Ғайрати парвона чун соиб бар ояд аз либос
Шамъро аз ҷомаи фонӯс дар зиндон кунад