Маҳви ҷонони хешро ҷонон тасаввур ме кунад

Қатраи худро баҳр бепоён тасаввур ме кунад

Ҳар ки дар саргаштагии собит қадам гардӣда аст

Кӯҳро абри сабки ҷавлон тасаввур ме кунад

Сарви симини туро дидааст ҳар кас дар либос

Ҷон бетанро тан беҷон тасаввур ме кунад

Бодаи ҷони бахшро махмур дар дилҳои шаб

Дар сиёҳии чашмаи ҳайвон тасаввур ме кунад

Ҳар ки оташи зер по дорад дарин водӣ чу барқ

Хору хасро сунбулу райҳон тасаввур ме кунад

Ҳайрати дидор рӯй ҳар киро бо худ кунад

Олимиро ҳамчуи худ ҳайрон тасаввур ме кунад

Бас ки дар хӯни ҷигар ғлтидаҳам , назорагӣ

Ҳар сари мӯии марои мижгон тасаввур ме кунад

Дар тамошои ту аз бас кардаам қолаби тиҳӣ

Ҳар ки мебинад маро беҷон тасаввур ме кунад

Ҳар ки чун соиби дилаши гавҳаршинос вақт шуд

Дам заданро умри ҷовидон тасаввур ме кунад