Хасми ғолибро забуни сабр ва таҳаммул ме кунад
Аз тавозуъи сайлро мағлуби худ пул ме кунад
Аз тараҳҳуми ҳасани ҷавлон май намояд дар ниқоб
Соқӣ аз бе зарфии мо об дар мл ме кунад
Бо хўдороён ба сари бурдан ҷунун ме оварад
Турраи дастори ӣнҷои ноз кокул ме кунад
Нест ҳасану ишқ агар икрнг бо ҳам , аз чаҳ рӯ
Хандаи гули рахна дар минқор булбул мекунад ?
Рутбаи афтодагӣ аз кимиёи болотрст
Қатраи ночизро гавҳар таназзул ме кунад
Хурдае чун ғунчаи ҳаркасро ки бошад дар гиреҳ
Зери чандини парда аз рухсор ӯ гул ме кунад
намехӯрд ризқи ҳалол , он кас ки дар малики вуҷӯд
Касби худро парда рӯй таваккул ме кунад
Аз дили пурхӯн буд гуфтори дардолӯди ман
Дар бисоти шиша то меҳаст қул қул ме кунад
Қомати хам беш месозад шитоби умр ро
Сайлро по дар рикоби суръати ин пул ме кунад
Ҳасани соиб ром мегардад зи истиғнои ишқ
Чораи ин сайди ваҳширо тағофул ме кунад