Умрро кӯтаҳи нафасҳои парешон ме кунад

Хатми қуръонро варақи гирдоне осон ме кунад

Хӯни ҳиноӣ ид бошад куштагони ишқ ро

Шамъ бе ҷои гиря бар хок шаҳидон ме кунад

Ошиқонро ихтиёрӣ нест дар ифшои роз

Ишқ дар дили кори ахгар дар гиребон ме кунад

Синаро дил чок месозад ба умеди висол

Пистаро шавқи шукр дар пӯст хандон ме кунад

Бодаро аз бе худон дасти таъаддӣ кӯтаҳ аст

Сайл дар маъмура чун афтод тӯфон ме кунад

намешавад аз ҷилваи маҳшари ду болои ҳайраташ

Ҳаркиро он сарви хуши рафтор ҳайрон ме кунад

Синаҳои гарм мегардад хунак аз оҳи сард

Ин суфоли ташнаро сероб , райҳон ме кунад

Каҷрави аз мори роҳи танги берун май барад

Тангдастии нафаси кофарро мусулмон ме кунад

Аз Зулайхоӣ ҷаҳон бигурез кин бе обрӯ

Мисрро бар Юсуф беҷурм , зиндон ме кунад

Аз тан осонӣ шавад ҳаркас ки соиби хирқаи пӯш

Пой хоб олуд пинҳони зер домон ме кунад