Оҳӯонро дар каманд оварад чашми поки мо

Шуд чу маҷнӯни дидаи мо ҳалқаи фитроки мо

Ҳиммати оҳи расои мо баланд афтода аст

Аз зибардастӣ ба соқи арши печади токи мо

Чун садаф аз синаи софии қатраро гавҳар кунем

Вақти тухмии хуш ки уфтад дар замини поки мо

Бар замин ҳар чанд нақш аз хоксорӣ баста ем

Бокамоли саркашии гардун буд дар хоки мо

Нотавононро забон шиква мебошад хамӯш

Барнамеи хезад ба оташи дӯд аз хошоки мо

Чашм беЮсуф гушӯдан , аз назарбозон хатост

Варна буи перҳан бошад гиребони чоки мо

Дар замири нуқтаи мо сад савод аъзам аст

Чашми кӯтаҳи байни мардум чун кунад идроки мо ?

Шамъ меларзад чу барги бед бо он саркашӣ

Чун ба маҳфили рӯ наад парвона бе боки мо

Хоки домангир , банди даст ва пой раҳраваст

Нест мумкин ғам барояд аз дили ғамноки мо

Шабнами мо гарчи соиб дар намеояд ба чашм

Тоза дорад гулистонро дидаи намноки мо