Кӯи нўоснҷӣ ки дар мағзи ҷаҳони шӯри афканд ?
Пунбаи мағз аз сари минои мо даври афканд
Гардиши паргор гардун гардад аз маркази тамом
Нест нақсигар сулаймони соя бар мӯри афканд
Хотири маъшӯқи шўрондн на кор ошиқ аст
Варна тӯтӣ метавонад дар шукри шӯри афканд
Роҳравро лангари ором дар манзил хуш аст
Хоби худро дурбин бо хилвати гӯри афканд
Ғофил аз оҳи заъифон бо зибардастӣ машав
Кин насими саҳл , тоҷ аз фарқи фағфури афканд
Тираи бахтии шуълаи идрокро созад хамӯш
Аз забони ин шамъро шабҳои диҷўри афканд
Аз кашокаши хонааш ҳаргиз намегардад тиҳӣ
Чун камон ҳар кас ки кори хеш бо зӯри афканд
Дидан симин барон созад маро бе ихтиёр
Ларза бар парвонаи ман шамъи кофури афканд
Бо дили озорон мудоро кун ки ҳеҷ аз шани шаҳд
Кам нагардадгар сипар дар пеши занбӯри афканд
Аз таъаммул метавон дарёфт соиби айби хеш
Вой бар он кас ки ин ойӣнаро даври афканд