Гиряи ман об дар ҷӯии саҳар май афканд
Нолаи ман шуъла дар ҷони асар май афканд
Он лаби ҳарфи офарин чун мешавад гарми итоб
Оташи ёқӯти пиндории шарар май афканд
Гар табассуми ин чунин бар лаъл ӯ зӯр оварад
Ларза бар оби замини гири гуҳар май афканд
Ришта бетобона аз шарми миёни лоғараш
Хешро дар кӯчаи танги гуҳар май афканд
Гар нахоҳӣ коми худро талх , хуш гуфтор бош
Пистаро ширини забонӣ дар шукр май афканд
Ҳарчӣ бо мо мекунад ақл сбкср ме кунад
Киштии моро муаллим дар хатар май афканд
Ман кӣм то дафтари даъвии кушояди боли ман ?
Дар биёбони талаби симурғи пар май афканд
Бандаи боди баҳоронам ки аз шарми карам
Ғунчаро дар остини пӯшидаи зар май афканд
Ҳаркии рад халқ мегардад қабул холиқ аст
Вақти он каси хуш ки моро аз назар май афканд
Пой бар сар мегузорад саракашони хок ро
Ҳарки чун гули пеши хору хаси сипар май афканд
Шуд сари Мансури охири гӯии чавгони фано
Мива чун шуд пухтаи худро аз шаҷар май афканд
Даври гардонро ба эҳсони ёд кардан ҳиммат аст
Варна ҳар нахлӣ ба пои худ самар май афканд
Ҳарки чун соиби дил аз гирди таъаллуқ пок кард
Аз даҳан ҳамчун садафи доими гуҳар май афканд