Аз насиҳат хомтар гардад дили худкоми мо

Аз намак сангин шавад хоби кабоби хоми мо

Ҳар ки давлат ёфт , шаст аз лавҳи хотири номи мо

Авҷи давлати тоқ нисёнаст дар айёми мо

Қисмати мо зини шкорстон ба ҷуз афсӯс нест

Донаи ашк талх мегардад ба чашми доми мо

Мардумӣ гардӣдааст аз чашми хубони гӯшаи гир

Чини абрӯи мад анъомаст дар айёми мо

намехӯрд чун хӯни дил ҳар кас ба қадари дастгоҳ

Бош кучактар зи ҷоми дигарон гӯи ҷоми мо

Бӯсаи моро куҷо хоҳад ба он лаб роҳ дод ?

Он ки раҳи надиҳад ба гӯш аз саркашии пайғоми мо

Аз дуои хайр , мо шукр ба кораш ме кунем

Ҳар ки месозад даҳоне талх аз дашноми мо

Дар назари вокрднӣ тай шуд бисоти зиндагӣ

Чун шарар дар нуқтаи оғоз буд анҷоми мо

Бар дили озодаи мо боғи имкони танг буд

Чашми танги қамарён чун сарв дод андоми мо

Ҳасан монад аз хираи чашмиҳои мо зери ниқоб

Шуд дар умедвории баста аз иброми мо

Дар балои андохти ҷамъияти дили озода ро

Фалси мо чун моҳён гардид охири доми мо

Тифли бозигӯши ором аз муаллим май барад

Талх дорад зиндагӣ бар мо дили худкоми мо

Нест соиби ҷоми айши мо чу гули по дар рикоб

То фалаки гардон буд , дар давр бошад ҷоми мо