Ғунча хусбоне ки аз зонуии худ болин кунанд

Аз шикасти тани каманди шавқро парчин кунанд

Гарчи дар зоҳир ба зердасту по афтода анд

Бигузаранд аз на фалак чун Рахши ҳиммат зин кунанд

Солҳо дар хирқаи пашминаи хӯн худ хуранд

То дами худро чу оҳӯии хто мишкӣн кунанд

Дар муҳӣти талх , дандон бар сар дандон ниҳанд

То чу гавҳари устихони хешро ширин кунанд

Кӯҳҳои дард чун ратли гарон бар сари кашанд

То зтоъти пилаи мизони худ сангин кунанд

Сангро созанди лаъл аз рӯй дил чун офтоб

Хонаҳоро зарнигор аз чеҳра заррин кунанд

Бар чароғи мурда аз нури яқин исо шаванд

Дардҳои куҳнаро дармон ба дард дайн кунанд

Дар ҳаво чун хурдаи ҷони шарар рақсон шавад

Гар з рӯй шавқи хӯни мурдаро талқин кунанд

намешавад дар як дам аз аўтод , чун кӯҳи гарон

Коҳи баррагиро ки он дарёдилон тамкин кунанд

Гарчи доранд ихтиёри болаши зонуии ҳур

Чун сабу дар пои хам аз дасти худ болин кунанд

Мояи дорони мурувват бо лаби хандон чу гул

Хӯни худ бо хўнбҳо дар доман гулчин кунанд

Соиб аз домони эшон дасти рағбат бар мадор

Кобҳои талхро ин абрҳо ширин кунанд