Ташна хӯн кард мастии чашми фаттони туро

Хоб сангин шуд Фсонии теғи мижгони туро

Ин латофат нест ҳаргизи миваи фирдавс ро

наме тавон хӯрдан ба лаби себи занхдони туро

Ҳалқаҳо дар гӯши сарв аз тавқ қамарӣ ме кашад

Гар ба гулшан раҳ фитад сарви хиромони туро

Дидаи шабнам ки дар пероҳани гул муҳаррам аст

Ҳалқаи берун дар бошад гулистони туро

Чун набошам чашм бар роҳи насими илтифот ?

Ман ки прўрдм ба оби чашм , райҳони туро

Қадари ман ин бас ки чун абри баҳор аз оби чашм

Тоза дорам хори девори гулистони туро

Гарчи афкори ту соиби сар ба сар санҷида аст

Ин ғазал машҳур хоҳад кард девони туро