Шаб на оҳи сардро дили арш паймо карда буд
Осмон аз субҳи маҳшари дафтарӣ во карда буд
Ҷон чаҳ медонист аз дунё чаҳ ҳо хоҳад кашид
Хокбозиҳои Тифлонро тамошо карда буд
Лангари тамкини кӯҳи ғам ба фарёдам расед
Варна битобии маро дар ишқ расво карда буд
Аз дили ширин хаёлӣ дошт дар мади назар
Кӯҳкан дар бесутуни шуғлӣ ки пайдо карда буд
Аз нигоҳ аҷз шуд чун тавқи зеби гарданам
Теғ ӯ дастӣ ки баҳри қатл боло карда буд
Аз ҷавонмардии саросари бода гулранг кард
Ишқ ҳар хӯнӣ ки дар ҷом Зулайхо карда буд
Риштаи ҷон бо дили озода ман ме кунад
Ончии сӯзан бо гиребон масеҳо карда буд
Аз шикарханд садаф шуд хом , варна пеши азин
Абри мо одат ба рӯй талх дарё карда буд
Оташини рӯе ки шамъи маҷлиси мо буд дӯш
Ҳалқаи берун дарро чашм бино карда буд
Умрҳо шуд дар либоси лола берун ме диҳад
Ашки маҷнӯни ончӣ бо домон саҳро карда буд
Ҷон чаҳ хӯнҳо хӯрд то аз сафҳаи дил пок кард
Нуқтаи саҳвӣ ки номашро сувидо карда буд
Дид то он сару сими андомро , бар дил гузошт
Шохи гули дастӣ ки баҳри рақс боло карда буд
Ҳасани бозигӯш ӯ соиби нишон тир кард
Дил ба хӯни дидаи мактубӣ ки иншо карда буд