На зи хомии нақшҳоро хом май бандеми мо
Парда бар чашми бади айём май бандеми мо
Дидаи хунхори моро нест сирӣ аз шикор
Хоксориро ба худ чун дом май бандеми мо
Файзи болодасти миноро талаб дар кор нест
Чун лаби соғар , лаб аз ибром май бандеми мо
намешавад ҳамчун фалохани шҳпри парвози мо
Санг агар бар ҷон беором май бандеми мо
Матлаби мо бедилон аз чашм бастан хоб нест
Дар ба рӯй орзӯии хом май бандеми мо
Гарчи захми субҳ аз хуршед мегардад зиёд
Рахнаи хамёзаро аз ҷом май бандеми мо
Дар ба рӯй гуфтугӯ , ҳар чанд бошад дилпазир
Бо забони чарб чун бодом май бандеми мо
Дар раҳи афтодагӣ аз мо касе дар пеш нест
Нақш бар рӯй замин ҳар гом май бандеми мо
Теғро дандона месозад сипар андохтан
Аз дуои доими роҳи дашном май бандеми мо
Бастагӣ куфраст дар ойини мо озодагон
намешавад зуннор агар эҳром май бандеми мо
Нест соиб чун шарари моро ба ҷони дилбастагӣ
Чашм дар оғоз аз анҷом май бандеми мо