Сӯрати ширин агар аз лавҳ хоро ме равад
Аз дили сангини мо нақш таманно ме равад
Май дӯди маҷнӯн ба зӯри ишқ бар гирди ҷаҳон
Об дорад қӯт аз сарчашма ҳарҷо ме равад
Барнаме ояд ғурури ҳасан бо тамкини ишқ
Юсуф аз канъон ба савдоӣ Зулайхо ме равад
Умр чун сайлу адами дарё ва мо хор ва хасем
Дар рикоби сайл , хору хас ба дарё ме равад
Маргро олӯдагӣ кардааст бар мо ногувор
Нуқра беғаш дар оташ бемуҳобо ме равад
Аз хаёли бозгашти гулистон осӯда аст
Шабнамӣ каз ҷилваи хуршед аз ҷо ме равад
Нест суҳбатро асар дар тинати оҳани дилон
Тезии сӯзан кӣ аз қурб масеҳо меравад ?
Дар тариқи ишқи хор аз по кашӣдан мушкил аст
Реша дар дил мекунад хорӣ ки дар по ме равад
Дар қиёмат ҳам намеёбад ҳарими сина ро
Аз хиром ӯ дили ҳаркас ки аз ҷо ме равад
Шарми маҷнӯни шухӣ аз чашми ғизолон барда аст
Бе нигаҳбони маҳмили Лайлӣ ба саҳро ме равад
намеравад доғи клФи соиб агар аз рӯй моҳ
Фикри холу хат ӯ ҳам аз дил мо ме равад