Чун хиромон аз назари он сарв қомат ме равад

Ҳамчуи сайл аз пеш , пои кӯҳ тоқат ме равад

Ин сари сахтӣ ки аз санги маломат хӯрда аст

Зуди дил дар ҳалқаи аҳл саломат ме равад

Дар биёбони ҷунун аз роҳзан андеша нест

Корвон дар корвони санг маломат меравад !

Дар хароботи Муғон беисматиро роҳ нест

Духтари руз бо сияҳи мисатон ба хилват ме равад

Сӯхт аз гармии нафас дар синаи боди сумум

Гирдбод аз водии мо кӣ саломат меравад ?

Дар ҳақиқат мнтнӣ дорад ба арбоби карам

Ҳарки беминнат ба зерибор миннат ме равад

Пайравӣҳои Хизри моро биёбон марг кард

Ин сазои он ки дар дунбол шӯҳрат ме равад

Ранги парвози видоъ аз чеҳра гул ёфтам

Чашми ҳасрати вокн эй булбул ки фурсат ме равад

Аз дили сад пораи соиб чаҳ май пурсӣ нишон ?

Муддатӣ шуд дар рикоби ашк ҳасрат ме равад