Муфлис аз базми шароби мо тавонгар ме равад
Абри ӣнҷо то камар дар об гавҳар ме равад
Чашми мо дар ҳашар хоҳад дод шукр хоб дод
Талхии бодоми мо аз шӯр маҳшар ме равад
Ишқро бо сабру тоқати ҷамъ кардан мушкил аст
Киштии тӯфонии мо хуш ба лангар ме равад
То гушӯдӣ чоки пероҳан , з даст андоз рашк
Чок дар пероҳани Юсуф саросар ме равад
Нестам мамнӯни мурғи нома бар як риштаи тоб
Номаи ман бол бар бол кабӯтар ме равад
Дар шабистонӣ ки мо ранг муҳаббат рехтем
Шамъ бетобона аз дунбол сарсар ме равад
Маънии печидаи соиб дар замон мо намонад
Барқи теғи мо ба хӯни зулф ҷавҳар ме равад