Дар ҷаҳон бе ниёзи хоки сим ва зар шавад
Обрӯро чун кунӣ гирдоварӣ гавҳар шавад
Ҷони равшан аз гудоз ҷисм меболад ба худ
намезанад нохун ба дилҳо моҳ чун лоғар шавад
Шукр месозад шикоятро дил хурсанд мо
Сабзаи зангор дар шамшери мо ҷавҳар шавад
Ҳасани Лайлӣ дар биёбонгар чунин шӯри афканд
Домани саҳро ба маҷнӯни доман маҳшар шавад
Хат озодӣаст сарву бедро бе ҳосилӣ
Санг май борад ба ҳар нахлӣ ки бороўр шавад
То чаҳ гулҳо бушковад аз хор дар пероҳанаш
Дардмандиро ки гул дар перҳан ахгар шавад
Булбули мо дар ҳарими байзаи сайри оҳанг буд
Ишқ дар гаҳвора чун исои сухан густар шавад
Бе вуҷӯдии одамиро мекунад соҳиби вуҷӯд
Фард ҳастӣ аз хати ботили накӯ маҳзар шавад
Чун ҳаво мағлуб шуд тахт сулаймон ме шавад
Бодбон чун ғӯта дар дарё занад лашгар шавад
Миннатҳои ноумедии аввали амидҳост
Дасту по аз кор чун афтод бол ва пар шавад
Аз даҳон пок мегардад сухани комили айёр
Қатра чун афтод дар дасти садаф гавҳар шавад
Нест аҳли ҳолро соиби забони қилу қол
Бар намеояд нафас аз не чу пуршукр шавад