Ҳар дилӣ каз ишқи гавҳар об шуд , гавҳар шавад
Ҳар киро сӯзади дарин дарёи нафас , анбар шавад
Гӯшагирӣ файзҳо дорад дарин ваҳшати саро
Қатра аз дарё чу рӯ пинҳон кунад гавҳар шавад
Ноқисонро шҳпр даъвӣаст дунёии хасис
Чун шарар бо хоромезад забон овар шавад
Ростии домони ҷамъият ба даст овардан аст
Ришта чун ҳамвор шуд шероза гавҳар шавад
Ҷилваи сарви лаб кавсар кунад мижгон ӯ
Дида ҳар кас ки аз ашки надомат тар шавад
Оташи сӯзон буд наздикӣ симин барон
Ришта дар ақди гуҳар ҳар рӯз лоғартар шавад
Дида аз вазъи мукаррари хӯни худро ме хӯрд
Варна дил дар ҳар тапидани олам дигар шавад
намешавад бар комилони авзоъи дунёи хушгувор
Талхӣ аз дарё набинад қатра чун гавҳар шавад
Дар дили пуроташи худ ҷои соиб чун даҳум ?
Нозаниниро ки гул дар перҳан ахгар шавад