Ҳар сабки мағзӣ ки ғофил шуд зи дил ботил шавад
Коҳ чун бедона гардад харҷи об ва гул шавад
Аз ғубори ҷисм парво нест соликро ки сайл
Аз гаронсангӣ ба дарёи зӯдтар восил шавад
Май барад аз дидан ҳар зарраи файзи офтоб
Дидаи ҳаркас ки равшан аз фурӯғ дил шавад
Мӯш бо ҷоруб дар сӯрох натавонист рафт
Хоҷа бо чандини алойиқ чун ба ҳақ восил шавад ?
Дар биёбон саҳл бошад чашми пӯшидани зи Хизр
Вой бар он кас ки аз ёди худо ғофил шавад
Лаъл гардад санг агар аз инқилоби рӯзгор
Нест мумкин ҳар ки маҷнӯн шуд дигар оқил шавад
намекашад ҳаркас ки оҳӣ , мо парешон ме шавем
Беди маҷнӯн аз насимӣ ҳар тараф моил шавад
Ҷони зи қурби ҷисм дар рафтан гаронӣ ме кунад
Ҳар ки бо коҳили рафиқ роҳ шуд коҳил шавад
Ҷабҳаи вокрдаҳ бар муҳтоҷи абр раҳмат аст
Чини абрӯи ояи навмидӣ соил шавад
Мад оҳӣ мекунад зеру зибри афлок ро
Ончунон каз хат кашӣдан сафҳае ботил шавад
Мушти хокӣ чун шавад сайлобро монеъи зи баҳр ?
Дидаи моро куҷои девор ва дар ҳоил шавад ?
Дар завол хеш дорад саъй ҳамчун офтоб
Ҳар ки аз пастӣ ба миъроҷи шараф моил шавад
Аз тарошидан нагардад соф рӯй нўхтон
Решаи ҷавҳар ба оби теғ кӣ зоил шавад ?
Нест дар яктоеи ҳақи ҳеҷ касро иштибоҳ
Дар намоз ватар мумкин нест шак дохил шавад
Доғ чун шуд куҳна бар хотир гаронӣ ме кунад
Шамъ чун хомӯш гардад бор бар маҳфил шавад
Сайлро ҳар муваҷҷаҳи дарё Аннан дигараст
Раҳнаварди шавқ кӣ осӯда дар манзил шавад ?
Даст аз таъмир тан бурдор дар перонаи сар
Рост натавон сохтани девор чун моил шавад
Дидаи пӯшидаро соиби кушод аз ҳайрат аст
Бар хати таслими сар на , кор чун мушкил шавад