Бо замингирӣ сипеҳр гарм рафторем мо

Ҳамчуи маркази пой бар ҷойем ва сайёрем мо

Санги роҳи ҳеҷ кас аз хоксорӣ нестем

Зери пои раҳнавардон роҳ ҳамворем мо

Бо ҳазорон чашм меҷӯйем айби хеш ро

Чун расад навбат ба айби халқ , сатторем мо

Худфурӯшии пеша мо нест чун бе моягон

Бениёз аз ноз беҷой харидорем мо

Зеби мардон аз худорои назар пӯшидан аст

Гуҳ ба банди ҷома , гуҳ дар қайд дасторем мо

Гар ба по , дарди сари он остон кам май диҳем

Аз раҳи ихлоси дастӣ дар дуо дорем мо

Ҳарф беҷо аз лаби мо кам таровуш ме кунад

Бесавол аз гуфтугӯи хомаш чу кҳсорими мо

Нест чун тоўси чашми мо ба болу пари зи по

Айби худро дар назар беш аз ҳунар дорем мо

Корфармое чу ширин дар ҷаҳон талх нест

Варна чун Фарҳоди дастӣ дар ҳунар дорем мо

Ончии мо аз дили сиёҳӣ бо ҷавонӣ карда ем

Ҳар чаҳ бо мо мекунад перӣ сазоворем мо

Аз сафои синаи мо гарчи доғаст офтоб

Дар миёни зангён ойӣна торем мо

Талхкомонро ба ширинии даҳан хуш ме кунем

Дар замини шӯр беш аз пок меборем мо

То расӣдани бодаро бо хами мудоро лозим аст

Варна аз зиндони ҷисм тира безорем мо

Рӯй моро сурх хоҳад кард соиби рӯзи ҳашар

Оли тмғоиӣ ки аз ол ъабо дорем мо