Ҳарфи зан то бар лаби исои нафас сӯзан шавад

Рӯй бинмо то саводи тӯтӣон равшан шавад

Дил чаҳ хӯнҳо мехӯрд давр аз шароби лолаи ранг

Марг идаст он чароғиро ки беравған шавад

эй сабо , ҷон тоза мегардад зи тағйири либос

Чанд авқоти ту сарфи буи пероҳан шавад ?

Оҳ бе лухти ҷигар аз дил наметозад ба чарх

Сахт май тарсам бар ин миҷмар ки беравзан шавад

Гирди ранг соя натавонист гардидани хазон

Хоксории сади роҳи ҷуръат душман шавад

Чашми маҷнӯни чашми Лайлиро сухангӯ ме кунад

Ишқ чун пар кор уфтад ҳасани соҳиб фан шавад

Чун басират нест , бошад ҳалқаи берун дар

Офтоби вмоаҳ агар дар дида равзан шавад