Баъди умригар висол ӯ муяссар ме шавад

Шарми пеши чашми ман сад Сикандар ме шавад

Тираи бахтии кори худро мекунад ҳарҷо ки ҳаст

Номаи ман пардаи чашм кабӯтар ме шавад

Кимиёии ишқи ҳаркасро ки созад бе ниёз

Ҳар сари мӯ бар таниши кибрят аҳмар ме шавад

Нест ғайр аз нақши ҷонони ишқро машғӯле

Бесутун аз кӯҳкани охир мусаввир ме шавад

Аз Рахш чун донаи ёқӯт рангин шуд арақ

Чун замин афтод қобили дона гавҳар ме шавад

Нест ҳасану ишқро аз ҳам ҷудои ҷуз ба ном

Шуъла чун парвоз кард аз худ самандар ме шавад

Ҳарки шуд таслим , аз теғи ҳаводиси баради ҷон

Хӯн чу мемерад халос аз захм нашутур ме шавад

Аз ту то хуршед тобон нест раҳи чандон дароз

Заррае бо чашм хоб олуд раҳбар ме шавад

Гар муяссар мешавад ором дар коми наҳанг

Зери гардуни хоби роҳати ҳам муяссар ме шавад

Хоксорон мебаранд аз гардиши афлоки файз

Ҳарчӣ дорад шишаи сарфи ҷом ва соғар ме шавад

Суҳбати покизаи рӯйони навбаҳор давлат аст

Ҷомаи боди сабо аз гул муаттар ме шавад

Нест осони ҳарфро санҷида дар дили сохтан

Санг мегардад садаф то қатра гавҳар ме шавад

Меҳр созад кӣнаро афтод чун дили содаи лавҳ

Занг бар ойӣнаи рухсор , ҷавҳар ме шавад

Хотири мо аз насими лутф бар ҳам ме хӯрд

Бар чароғи мо нигоҳи гарм сарсар ме шавад

Нашканад сафрои ҳирс аз неъмат рӯй замин

Ҳаркии қонеъ ( шуд ) ба дил хӯрдан , тавонгар мешавад ?

Нотавониҳои мо соиби далел ваҳшат аст

Сайд чун афтод ваҳшии зуд лоғар ме шавад