Сабзаи зангор дар теғи ту ҷавҳар ме шавад
Кафи дарин дарёии гўҳрхиз анбар ме шавад
Дар диёри аҳли ғайрати қосид ва пайғом нест
Номаи миқрози пару бол кабӯтар ме шавад
Ғайр берангӣ ки ҳасанаши ранги баст афтода аст
Дил ба ҳар рангӣ ки бастами ранг дигар ме шавад
Ҳаркии дил бар рангу буии боғ чун шабнам набаст
Ткмаҳи пероҳани хуршед анвар ме шавад
Гармии рафтор агар инаст маҷнӯни маро
Хори саҳрои ҷунуни кибрят аҳмар ме шавад
Суҳбати равшани ҷабинони офтоб раҳмат аст
Санг дар мизони моҳи Миср гавҳар ме шавад
Ганҷи хурсандии ниҳон дар зери пой азлат аст
Дар садаф чун қатра лангар кард гавҳар ме шавад
Саъй дар тасхири дил ҳо кун ки чун ин даст дод
Малики обу гул ба осонӣ мусаххар ме шавад
Толеъи шӯҳрати матоъ корвон дигараст
Варна дар ҳар гӯшаи сад Мансур бесар ме шавад
Гар ба хотир оварад Фарҳоди сад нақши ғариб
Теша чун бар санг зад ширин мусаввир ме шавад
Панҷаи тадбирро башикан ки чун баргашти нақш
Мавҷи дарёи банди бозуӣ шиновар ме шавад
Авд бе пурвои мо то ояд аз хомии бурун
Оташ сӯзанда хӯн дар чашм миҷмар ме шавад
Нақши пои хомаи ман сӯхти соиби нома ро
Гарм тозонро чароғ аз нақши по бар ме шавад