Аз ғубори корвон чун чашм бардорем мо ?
Чун маи канъони азизӣ дар сафар дорем мо
То ғубори хат ӯро дар назар дорем мо
Миннат рӯй замин бар чашм тар дорем мо
Фикри мо ҳар рӯз гардад як сару гардани баланд
То ниҳоли қад ӯро дар назар дорем мо
Хор доман мешавад ранги сабки парвоз ро
Чун азон мижгони гиро чашм бардорем мо ?
Лола зорӣ мешавад олам , агар беруни диҳем
Доғҳое каз ту пинҳон дар ҷигар дорем мо
намекунад моро з рӯй талхи дарё бе ниёз
Қатраи обӣ ки дар дил чун гуҳар дорем мо
Нест ҷӯади соқии трдст , мавқуфи савол
Чун сабуи дасти талаб дар зер сар дорем мо
Ҳиммат мо мезанад пар дар фазои ломакон
Байзаи афлокро дар зер пар дорем мо
Олами осӯдаро дарёӣ пуршӯраш кунад
Аз дил бе тоби худгар даст бардорем мо
Бар лаби хомӯши мо ангушт густохӣ мазан
Теғҳо пӯшида дар зер сипар дорем мо
Мавҷи дарё гарчи трдстаст дар ҳали ҳубоб
Дар кушоди уқдаҳо даст дигар дорем мо
Нест осони тарк май соиби хуморолӯд ро
Аз лаб мегаван ӯ чун чашм бардорем мо ?