Дили хароб аз хандаи пинҳони он гул ме шавад
Санги ин минои холии партав мл ме шавад
Соҳили дарёӣ ошӯбаст тарки ихтиёр
Мавҷ бар хошок аз афтодагӣ пул ме шавад
Дар тариқи мо ки наъли вожгӯни Хизр раҳ аст
Бештари хӯн бар сари теғ тағофул ме шавад
Сайлро кӯтоҳии девор оҷиз ме кунад
Сади роҳи душмани ғолиб таҳаммул ме шавад
Пок гардад ҳар ки соиби доман покон гирифт
Ашки шабнами сурхи рӯ аз доман гул ме шавад