Дили назаргоҳи худо аз тарк исён ме шавад
Чун ҳаво мағлуб шуд тахт сулаймон ме шавад
Сарвро аз тавқ дар занҷир қамарӣ ме кашад
Дар хиёбон ки қад ӯ хиромон ме шавад
Рӯй отшнок ӯ дар пардаи шарму ҳаё
Дар сармастии чароғи зер домон ме шавад
Дар назарҳо тоқ нисён мекунад миҳроб ро
Тоқи абрӯии ту дар ҳар ҷо намоён ме шавад
Нест пурвои маломати хоксори ишқ ро
Мазраъи мо тозаи рӯ аз тир борон ме шавад
Сур бемотам намебошад дарин ваҳшати саро
Барқи доим дар либоси абр хандон ме шавад
Аз заъифон мешавад пушти зибардастони қавӣ
Савлати шерони яке сад аз Нитсаатон ме шавад
Аз такаллуфи зиндагӣ бар мардумони мушкил шуда аст
Чун кунӣ тарки такаллуфи кор осон ме шавад
Талх бошад зиндагӣ бар оҳ то дар сина аст
Дӯди азин миҷмар чу берун рафт райҳон ме шавад
Сунбули фирдавс агар резанд дар бистари маро
Соиб аз ошуфтагии хоб парешон ме шавад