Нафаси саркаш бе риёзати раҳнамо кӣ мешавад ?
Аждаҳои фиръавнро дар кафи Асо кӣ мешавад ?
Фақр ҳайҳот аст гардад ҷамъ бо тани парварӣ
То пар аз шукр буд неи бӯрё кӣ мешавад ?
Нафас чун мутлақ Аннан шуд қобил ислоҳ нест
Саг чу шуд девонаи дигари ошно кӣ мешавад ?
Аз туҳидастӣ шикоят мекунад биҷои ҳубоб
Васли гавҳари ҷамъ бо касби ҳаво кӣ мешавад ?
Дар ниёам каҷ насозад теғи қади хеши рост
Сарфарозии ҷамъ бо пушти ду то кӣ мешавад ?
Нест сирӣ оташ сӯзандаро аз хору хас
Ҳирсро аз симу зар кам иштиҳо кӣ мешавад ?
Ҷавшани Довӯдии ӣнҷои шоҳроҳ новак аст
Сахти ҷонии монеъи тири қазо кӣ мешавад ?
Май баради ёди ватанро иззати ғурбати зи дил
Об чун восил ба гавҳар шуд ҷудо кӣ мешавад ?
Абрро дарё ба рӯй талх аз срўо накард
Чини абрӯи монеъи ҳирс гдокӣ мешавад ?
Бо замини гирони ғифлати гуфтугӯ беҳосил аст
Ин раҳи хобидаи бедор аз дрокӣ мешавад ?
Як садаф мебошад аз чандини садафи соҳиби гуҳар
Ҳар киро дастӣаст , аз аҳли дуо кӣ мешавад ?
Аз насиҳати мастро ҳушёр кардан мушкил аст
Шӯри дарё кам ба саъии нохудо кӣ мешавад ?
Наъли давлат аз сбксирӣаст дар оташи мудом
Дили хунак аз сояи бол ҳмокӣ мешавад ?
Ҳасани оби зиндагӣ аз мавҷ мегардад зиёд
Лаъли ҷони бахши ту аз хат бесафо кӣ мешавад ?
Нест соиб ҳар киро аз шавқ дар сари оташӣ
Хори саҳро , хоби махмали зерипо кӣ мешавад ?