Ҷазбаи тавфиқи ҳаркасро дил бино диҳад
Ҳар ду оламро талоқи аввал ба пушт по диҳад
Мо гузаштем аз ҳумоу сояи иқбол ӯ
То кадомин бесаодат бар сари худ ҷо диҳад
Сидрау тӯбо ба чашмаши нахл мотам ме шавад
Ҳар ки ҷон дар пои он сарви сеӣ боло диҳад
зи остин бе ниёзии хокмолш май диҳем
Домани давлат агар даврон ба даст мо диҳад
Олами равшан ба чашмаш созад аз миннати сиёҳ
Ҷон ба хафоаш аз дами ҷони бахш агар исо диҳад
Аз нигоҳи талх дар паймонааш хӯн ме кунам
Хизри оби зиндагирогар ба истиғно диҳад
Дидаи бино ба ҳар ношстаҳ рӯе ме диҳанд
То киро машшотаи қудрати дил бино диҳад
Нест мумкин аз тавозуъ рост гардад пушти ман
Чун маи нави осмонгар бӯсаам бар по диҳад
Миннат рӯй замин дорад ба абри навбаҳор
Қатра чанде ба сад ибром агар дарё диҳад
Нест аз азлат агар қасдаши баланди овозагӣ
Чун ба кӯҳи қофи пушти хешро анқо диҳад ?
Сарф дар тасвири ширини ҷавҳар худ карда аст
Тешаро Фарҳод азон рӯ бар сари худ ҷо диҳад
Бихўдӣ кайфиятӣ дорад ки дар идроки он
Ҳар ду оламро ба ҷомии маст бепарво диҳад
Чун шарар дар санг , дар шаҳраст савдои кӯ чаҳ банд
Оташи моро баландии доман саҳро диҳад
Магзар аз афтодагии соиб ки хуршеди баланд
Шабнами афтодаро дар дидаи худ ҷо диҳад