Шохи гул аз дасту чавгони ту ёдам ме диҳад

Ғунча аз гӯии гиребони ту ёдам ме диҳад

Ҷилваи хуршеди тобон дар таҳи домони абр

Зери зулф аз моҳи тобони ту ёдам ме диҳад

Барқи ъолмсўз дар абри сиёҳи навбаҳор

Аз нигоҳи чашми фаттони ту ёдам ме диҳад

Аз шафақи ҳоли шаҳидон ту мегардад аён

Моҳи нав аз теғи урёни ту ёдам ме диҳад

Интизоми гавҳари шҳўор дар коми садаф

Зери лаб аз уқдаи дандони ту ёдам ме диҳад

Хат ба даври ҷоми лабрез аз шароби лолаи ранг

Гирди лаб аз хати райҳони ту ёдам ме диҳад

намедиҳад ёд аз дили пурхӯни ман ҳар ғунча Эй

Ҳрглӣ аз рӯй хандони ту ёдам ме диҳад

Аз сафи маҳшари дилам ларзон шавад чун барги бед

Каз сафи баргаштаи мижгони ту ёдам ме диҳад

Дар миёни ҷони ширин чун алифи ҷо май даҳум

Ҳар чаҳ аз сарви хиромони ту ёдам ме диҳад

Дар канори бӯстон , маҷмӯъаи рангини гул

Соиб аз авроқи девони ту ёдам ме диҳад