Юсуфи зиндонии мо роҳат аз дунё надид

Аз азизони ҳеҷ каси хобӣ барои мо надид

Ваҳшати девонаи моро чаҳ нисбат бо ғизол ?

Гирди моро ҳеҷ кас дар доман саҳро надид

Домани ҳайрат ба даст оварад дарин тӯфон ки мавҷ

Маҳви соҳил то нашуд осоиш аз дарё надид

Эҳтиёти шишаи дили санги раҳ мо гашта аст

Сайл азон восил ба дарё шуд ки пеш по надид

Гӯи биёи зери ливои ишқи ошиқро бибин

Ҳар ки кӯҳи қофро дар соя анқо надид

Сӯхти барқ бе ниёзии хирмани афлок ро

Зери пои хеши он маъшӯқ бепарво надид

Ҳар киро чун беди маҷнӯн бар гирифт аз хоки ишқ

Теғ агар борид бар фарқи сараш , боло надид

Тирагӣ аз бахти мо соиби сухани беруни набард

Шамъ равшан кард маҳфилроу пеш по надид