Гарчи моро нест бар рӯй замини вайрона Эй

Хонаҳо чун ганҷ дар зер замин дорем мо

Аз гиребони гул бехор агар сар бар занем

Хор дар чашм аз нигоҳ дурбин дорем мо

Нўхтии пайвастаи моро ҳаст дар мади назар

Бар ҷигари доими харошӣ чун нигин дорем мо

Нест ғайр аз нақши пои дашти паймоёни ишқ

Ошнорўиӣ ки дар рӯй замин дорем мо

Ҷони нисори талъат хўршидрўён ме кунем

То нафас бар лаб чу субҳ ростин дорем мо

Чун ба сайри ломакон аз хештан розӣ шавем ?

Ҳамчуи ҳиммат , тавсанӣ дар зер зин дорем мо

Соҳиби номанд аз мо олам ва мо тираи рӯз

Толеъи баргаштаи нақш нигин дорем мо

Дўрбоши нуқтаи ваҳдати Аннани тоб дил аст

Варна чун паргори пое оҳанӣн дорем мо

Нест соиби даст бар мо хокмоли чарх ро

То ғубори хоксорӣ бар ҷабин дорем мо

Пеши хирмани даст кӣ чун хӯша чин дорем мо ?

Тангдастиро ниҳон дар остин дорем мо

Нони ҷӯ бар суфраи мо гар набошад , гӯ мабош

Неъматӣ ҳамчун забон гандумин дорем мо

Чини пешонӣ буд шерозаи авроқи дил

Поси дил чун ғунча аз чин ҷабин дорем мо