Дил ба дороломни ҳайрат на ба осонӣ расед

Дод ҷони ин сайди бсмли тоба ҳайронӣ расед

Музд таслим аст дорад ишқ агар қурбоне

Гашт чун таслими Исмоил , қурбонӣ расед

Чун расад вақти раҳоӣ қуфл мегардад калид

Хоб дар охир ба дод моҳ канъонӣ расед

Қомати хами мураккаби чавгонӣ роҳ фаност

Узрро бар тоқ на , чун асб чавгонӣ расед

Дар канор модар афтод аз гиребони лаҳад

Ҳар киро ӣнҷои фузуни озор ҷисмонӣ расед

Пок аз гирди алойиқи шӯ ки шабнами зини чаман

Дар висоли офтоб аз покдомонӣ расед

Хоки саҳрои қаноат дар мазоқаш шуд шукр

Мӯри мо то бар сар хон сулаймонӣ расед

Нест соиби мумиёеи ҷузи шикасти хештан

Шишаи дилро шикастӣ каз тан осонӣ расед